Тамринҳои СПАД дар Тоҷикистон чӣ гуна гузашт?
Инҷо "Ҳарбмайдон" аст - воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон. То сарҳади Афғонистон якчанд километр масофа. Имрӯз инҷо марҳилаи ниҳоии тамринҳои ҳарбии неруҳои давлатҳои аъзои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ мегузарад. Онҳо тӯли як ҳафта давом доштанд.
Ҳадаф - омода будан ба ҷилавгирӣ ва нобудсозии гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, озод кардани иншооти стратегӣ, ва барқарор кардани вазъ дар сарҳади давлатӣ ҳангоми пеш омадани чунин ҳолатҳо.
Тибқи сценария - созмонҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ба қаламрави яке аз кишварҳои узви СПАД ҳамла мекунанд ва неруҳои дастаҷамъӣ онҳоро саркуб ва несту нобуд мекунанд.
Ҳудуди ҳазор сарбозу низомӣ, беш аз 300 техникаҳои ҳарбӣ - андозаи тамринҳо хеле ҳайратангез менамояд. Қатъи назар аз он ки дар ин тамринҳо се кишвари СПАД иштирок накарданд - Арманистон, Беларус ва Қирғизистон. Охирин пас аз муноқишаи навбатӣ дар сарҳад бо Тоҷикистон эълон дошт ки аз размоиши СПАД даст мекашад.
Веб-сайт: https://asiaplustj.info
Facebook: https://facebook.com/asiaplustj
Instagram: https://instagram.com/asiaplustj
#таджикистан #asiaplus