Дар Душанбе Чемпионати осиё оид ба муҳорибаҳои омехта (ММА) гузашта истодааст. Чунин сатҳу андоза дар Тоҷикистон бори аввал аст. Беш аз 150 варзишгар аз 13 кишвари дунё! Писарон ва ҳатто духтарон!
Дар рӯзи аввал, 27 октябр ҳамагӣ 14 сабқат доир шуд. Дар ин рӯз намояндагони кишварҳои Афғонистон, Баҳрейн, Қазоқиситон, Ҳиндустон, Узбекистон, Эрон ва ҳамчунин ҳамватанони мо сабқат карданд. Дар муҳорибаҳо варзишгарони Қазоқситон, Узбекистон, Эрон ва Тоҷикистон пешсаф буданд.
“Ман ин ғалабаамро барои мардуми Эрон мебахшам”, - гуфт дар мусоҳиба бо “АП” варзишгар аз Эрон Муҳаммадҷаводи Коигар, ки рақиби худро ба осонӣ шикаст дод.
Ғайр аз давлатҳои дар боло зикршуда, рӯзҳои дигар намояндаҳои Корея, Малайзия, Муғулистон, Туркманистон, Урдун - баромад мекунанд.
Мусобиқаи минтақаиро Федератсияи санъати муҳорибаҳои омехтаи ғайрикасбии Тоҷикистон (TAJMMAF) ташкил кардааст.
“Боварӣ дорем, ки варзишгарони тоҷик ҳамчун мизбон ҷойҳои намоёнро ишғол мекунанд”, - гуфт дар мусощиба бо “АП” Раиси TAJMMAF Даврон Ҷураев.
Чемпионат аз 27-ум то 30-юми октябр идома хоҳад кард.
Подписывайтесь на наш канал, и посетите наш:
Веб-сайт: https://asiaplustj.info
Facebook: https://facebook.com/asiaplustj
Instagram: https://instagram.com/asiaplustj
#таджикистан #asiaplus