Тибқи маълумоти гуногун аз 33 то 49 фоиз аҳолӣ дастрасӣ ба оби ошомиданӣ надоранд. Мушкилоти бештар дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ба назар мерасад - яке аз онҳо ноҳияи Восеъ.
“Дар деҳаи мо як обанбор аст, ки ҳама аз он ҷо бо навбат ва ҳаҷми муайян (лимит) об мегиранд, - мегӯяд Дилафрӯз Юсуфова, сокини деҳаи кӯҳистонии Хоҷа Муъмин. - Аз ин рӯ муноқишаҳо низ сар мезананд. Ба наздикӣ ду зан ҷанҷол шуданд. “Чаро ба дигар зан ду “фляг” (зарф) об додеду ба ман бошад ду “бистлитра” медиҳӣ!?”,- гуфта, ӯ дигар занро зад, ва охирин беҳуш шуда афтид”.
Маъмулан кашонидани об ба зиммаи занон гузошта шудааст. Онҳо бо аробаҳо ҳар рӯз ба хонаҳояшон садҳо литр мекашонанд.
“Миёнҳоямон аз дастаи ин “бистлитра”-ҳо кандааст. Табобат мекунем, тавсия медиҳанд, ки чизи вазнин набардоред! Вале, накунӣ – намешавад!, - нақл мекунад Зумратбӣ Азизова, сокини дигари ин деҳа. - Куҷое ба писаронамон хостгорӣ равем, духтар намедиҳанд, ҷоятон бе об аст, гӯйён. Ҳама шароитҳоямон хуб аст, вале об нест”.
Боз бо кадом мушкилиҳо аз паси оби ошомиданӣ сокинони русто рӯ ба рӯ мешаванд - дар гузориши мо бубинед.
Подписывайтесь на наш канал, и посетите наш:
Веб-сайт: https://asiaplustj.info
Facebook: https://facebook.com/asiaplustj
Instagram: https://instagram.com/asiaplustj
#таджикистан #asiaplus