Бобоалӣ Ҷумаев ба бозори Меҳргон омадаст то барои писари 15-солааш либосҳои мактабӣ бихарад. Ӯ мутмаъин аст ки нархи наво дар ярмаркаи мактабӣ нисбат ба дигар нуқтаҳои савдо фарқкунанда аст. Бобоали ҳамагӣ се фарзанди мактабхон дорад ва бовар дорад, ки аз ин макон бо нархҳои дарстрас харид карда метавонад.
Ярмаркаҳои мактабӣ бо иқдоми шаҳрдорӣ дар ҳама ноҳияҳои Душанбе ба роҳ монда шудааст - назди марказҳои савдои “Панҷшер” «Садбарг», «Ховарон», Бозори «Корвон» Бозори Меҳргон ва дигар нуқтаҳои савдо. Ин чорабинӣ аз 1-ум август шурӯъ шуда то охири ин моҳ идома хоҳад кард. Ҳадафи баргузорӣ – пешниҳоди маҳсулоти арзон мебошад.
Ингуна ярмарка ҳамчунин дар бозори калонтарини мол - “Корвон” – низ ба роҳ монда шудааст. Ва масъулин бовар мекунонад, ки нарх дар ин ҷо нисбат ба нархҳои берун аз ярмарка миёна 15% арзонтар аст.
Фароиз Мамаҷонова, яке аз муштариёни ин бозор мегӯяд, тафовути нархҳо хело зиёд нест, вале ҳамин ки мардум лоақал 20 сомонӣ арзонтар метавонад чизе бихарад, хуб аст.
Ҳамасола моҳи август дар чандин нуқтаҳои савдои пойтахт бо қарори шаҳрдорӣ фурӯши лисбос ва лавозимоти мактабӣ ба роҳ монда мешавад. Ҳукумати шаҳр мехоҳад бо ин роҳ ба мардум сабукӣ биорад.
Подписывайтесь на наш канал, и посетите наш:
Веб-сайт: https://asiaplustj.info
Facebook: https://facebook.com/asiaplustj
Instagram: https://instagram.com/asiaplustj
#таджикистан #asiaplus